ДУРНАМОИ СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ ГУНА АСТ?
Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи муҳоҷират», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 декабр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев доир шуд, баррасӣ гардиданд. Моҳияти масъалаҳои зикршударо раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳбуба Нуриддинова, Акрамшо Фелалиев, Абдурахмон Азимов ва вакил Талбак Исмоилов шарҳ дода гуфтанд, ки самти асосии лоиҳаи қонунҳои зикршуда ба ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, беҳтар намудани вазъи зиндагии шахсони собиқадор, фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият барои муҳоҷирони дохиливу хориҷӣ ва ҷилавгирӣ аз афзоиши ҷиноят дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Ҳамзамон, аъзои Шӯро лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-ро баррасӣ карданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






