Э. РАҲМОН ДАР КОПЕНГАГЕН ҚАРОР ДОРАД

Декабрь 17, 2009 07:49

                 Чунонки қаблан 16 декабри соли 2009 хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Конфронси 15 — уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид доир ба тағйирёбии иқлим дар пойтахти Шоҳигарии Дания — шаҳри Копенгаген қарор дорад. Баҳри иштирок дар ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ сарони зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ба шаҳри Копенгаген ташриф овардаанд, аз ҷумла роҳбарони аксари давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ.                  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронси ҷаҳонӣ ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои ташаббускори олам оид ба ҳаллу фасли масоили вобаста ба ҳифзи иқлими сайёра ва таъмини дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ даъват шудааст.                    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси ҷаҳонии Копенгаген суханронӣ намуда, дар назар аст, ки таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба ҳифзи пиряхҳои азими Осиёи Марказӣ, пешгирӣ аз истифодаи бенизоми захираҳои обии минтақа ва дигар масоили ҳалталаб ҷалб менамояд.

Декабрь 17, 2009 07:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид