ФАЪОЛЗАНОНИ ТОҶИК ДАР МАҲАЛИ СОХТМОНИ «НБО «РОҒУН»

Декабрь 15, 2009 10:24

                  Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Корвони фаъолзанони тоҷик таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хайриниссо Юсуфӣ аз шаҳраки сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» баргаштанд. Корвони модарони тоҷик, ки дар он ҳунармандони шинохта ба мисли Нигина Рауфова, Мастона Эргашева, Нуқра Раҳматова, Майрам Исоева, Савриниссо Сабзалиева ва ансамбли этнографии «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода шомил буданд, дар назди сохмончиёни ин иншооти сарнавиштсози миллат ҳунарнамоӣ карданд. Шоираҳои ширинкалом Меҳриниссо ва Шаҳрия бошад аз ашъори тозаэҷоди худ шеърҳо қироат карда, рӯҳи сохтмончиёни НБО-ии «Роғун»-ро болида сохтанд.                   Муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Қимматгул Алибердиева дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ инчунин ба маблағи беш аз 25 ҳазор сомонӣ ба сохтмончиёни нерӯгоҳи «Роғун» ҳамчун армуғони соли навӣ либосҳои гарм ва хӯровкорӣ ҳадя карданд. Қимматгул Алибердиева афзуд, ки дар ин амали хайр саҳми Кумитаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ калон аст. 

Декабрь 15, 2009 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд