ФИРДАВСӢ ДАР «РОҒУН» ЛАНГАР МЕПАРТОЯД

Декабрь 15, 2009 16:13

                    Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ тасмим гирифтааст, ки дар шаҳраки сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» шӯъбаи Китобхонаро ифтитоҳ намояд. Ин иқдом бо мақсади хуш гузаштани истироҳати фарзандону оилаҳои сохтмоничиёни ин иншооти муҳими аср ва таъмини онҳо бо адабиёти илмию бадеӣ андешида шудааст, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Тошев.                   Ҳамчунин, дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи махсус ташкил карда шудааст, ки дар он китобҳои вобаста ба сохтмони ин нерӯгоҳ ба маърази тамошо гузошта шудааст.                    Кормандони Китобхона миллӣ музди маоши якрӯзаи худро ба суратҳисоби сохтмони НБО- «Роғун» гузаронида, ҳамчунин ният доранд, ки ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун»-ро харидорӣ намоянд. 

Декабрь 15, 2009 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд