ХАБАРИ НАМОЯНДАИ ДОИМИИ СММ ДАР ТОҶИКИСТОН

Декабрь 3, 2009 15:13

                   Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Маъмурияти намояндагии доимии СММ дар Тоҷикистон 2 декабр дар бораи шароити зиндагии аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон изҳорот дарҷ намуд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки фасли баҳори имсол бештар аз 1000 нафар сокинони ноҳияи Хуросон бар асари боришоти тӯлонӣ ва омадани сел бесарпаноҳ монда б уданд. Қисми зиёди онҳо имрӯз ҳам соҳиби манзил нагардидаанд. Баъзе одамон то ҳол дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд, қисми дигарон дар мактабҳо сарпаноҳ ёфтаанд.                     Дар ноҳияи Хуросон 3000 нафар баъди рух додани фалокат ба ҷойҳои дигар кӯчонида шуда буданд. Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони манзил қитъаҳои замин ҷудо карда буд. Ташкилотҳои гуногун дар ин қитъаҳо барои 150 оила хона сохтанд. Созмонҳои дигари башардӯстона ба сохтмони шабакаҳои обрасонӣ ва таъминоти асбобу анҷоми рӯзгор, ва ғайра машғуланд.                      Дар изҳороти СММ қайд карда мешавад, ки ҳамаи ин барои таъминоти аҳолии зарардида кифоя нест. Барои таъминоти пурраи аҳолии зарардида бо манзил бештар аз 7,7 миллион доллари ИМА зарур мебошад. То имрӯз барои сохтани манзил дар ин ҷо ҳамагӣ 1,7 миллион доллар сарф шудаасту халос, гуфта мешавад дар изҳорот.

Декабрь 3, 2009 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд