ХУҶАНД БА МАЪРАКАИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ОМОДА НЕСТ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 16 декабри соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҷаласаи ситод оиди барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 доир гардид. Дар ҷаласа масъалаи рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли равон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов зимни баромади хеш дар бораи аҳамият ва моҳияти ин маъракаи сиёсӣ ҳарф зада, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки корҳои омодагиро барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ, ки аз 21 то 30 сентябри соли 2010 гузаронида мешавад, бо сифати баланд анҷом диҳанд. Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки оиди корҳои омодагӣ барои барӯйхатгирии аҳолӣ соли 2010 дар вилоят бисёр корҳо ба сомон расонида шуда бошад ҳам, аммо дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилоят камбудиҳо ба назар мерасанд. «Бояд гуфт, ки оид ба тартиб даровардани номгӯи кӯчаҳо ва тангкӯчаҳо, рақами маҳаллаҳо, хонаҳо ва утоқҳо дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод корҳо пурра анҷом наёфтаанд. Мебоист ин корҳо як сол пеш пурра анҷом меёфтанд», — гуфт раиси вилоят. Ҳамчунин қайд гардид, ки ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Зафаробод барои корҳои батартибдарорию номгузории кӯчаҳо ва рақамгузории хонаҳо аз буҷаи маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо накарданд ва ин ҳолат барои саривақт ба анҷом иҷро шудани нақшаҳои пешбинишуда монеа эҷод кардааст. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода баҳри бартараф кардани камбудиҳои чойдошта дар назди масъулин вазифаҳои қатъӣ гузошта, ҳамзамон талаб намуд, ки то 25 декабри соли равон тамоми норасоиҳо пурра бартараф карда шаванд.