ИҶЛОСИЯИ 19 МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Декабрь 22, 2009 12:29

                 Хуҷанд, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — 21 декабр дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 19 Маҷлиси вакилони вилояти Суғд даъвати сеюм баргузор гардид.                      Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар ҳузури вакилони мардумӣ сухан карда, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти мақоми иҷрокунандаи ҳокимияти давлатии вилоят дар давоми 11 моҳи соли равон ҳисобот дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилӣ дар давоми 11 моҳ 105,9 фоизро ташкил дод, нақшаи қисматҳои даромаду хароҷоти буҷети вилоят мувофиқан 108,5 ва 101,2 фоиз иҷро шуд. Иштирокчиёни иҷлосия қарор доданд, ки муроҷиати Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҷумҳуриро аз 19 ноябри соли 2009 дар бораи харидани саҳмияҳои НБО «Роғун» дастгирӣ намоянд. Инчунин бо қарори иҷлосия дар вилоят барои интихоби вакилони маҷлиси навбатии вакилони вилоят қитъаҳои интихоботӣ кушода, комиссияи вилоятии интихобот ташкил карда мешавад.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар иҷлосия буҷети вилоят барои соли 2010 тасдиқ карда шуд.                     Буҷети вилоят дар соли 2010 – ум 430 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2009 хеле зиёд мебошад. Нақшаи қисмати хароҷоти буҷет дар соли оянда 390 миллиону 804,6 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Зиёда аз 80 фоизи маблағи буҷети соли оянда барои таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанг сарф карда мешавад. Инчунин соли оянда воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ меафзояд, гуфт дар фарҷоми иҷлосия сардори раёсати умумии молиявии вилоят Анвар Мирзоев.

Декабрь 22, 2009 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд