ИҶЛОСИЯИ 19 МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Хуҷанд, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — 21 декабр дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 19 Маҷлиси вакилони вилояти Суғд даъвати сеюм баргузор гардид. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар ҳузури вакилони мардумӣ сухан карда, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти мақоми иҷрокунандаи ҳокимияти давлатии вилоят дар давоми 11 моҳи соли равон ҳисобот дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилӣ дар давоми 11 моҳ 105,9 фоизро ташкил дод, нақшаи қисматҳои даромаду хароҷоти буҷети вилоят мувофиқан 108,5 ва 101,2 фоиз иҷро шуд. Иштирокчиёни иҷлосия қарор доданд, ки муроҷиати Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҷумҳуриро аз 19 ноябри соли 2009 дар бораи харидани саҳмияҳои НБО «Роғун» дастгирӣ намоянд. Инчунин бо қарори иҷлосия дар вилоят барои интихоби вакилони маҷлиси навбатии вакилони вилоят қитъаҳои интихоботӣ кушода, комиссияи вилоятии интихобот ташкил карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар иҷлосия буҷети вилоят барои соли 2010 тасдиқ карда шуд. Буҷети вилоят дар соли 2010 – ум 430 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2009 хеле зиёд мебошад. Нақшаи қисмати хароҷоти буҷет дар соли оянда 390 миллиону 804,6 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Зиёда аз 80 фоизи маблағи буҷети соли оянда барои таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанг сарф карда мешавад. Инчунин соли оянда воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ меафзояд, гуфт дар фарҷоми иҷлосия сардори раёсати умумии молиявии вилоят Анвар Мирзоев.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






