ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

Декабрь 2, 2009 15:27

                 Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати сеюм баргузор гардид.                  Дар ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                     Вакили Маҷлиси намояндагон Холназар Маҳмадалиев аз рӯи масъалаи аввали ҷаласа, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» суханронӣ намуда, ҳадаф аз пешниҳоди он барои баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагонро самарабахш намудани фаъолияти сохтмонӣ ва ба низоми муайян даровардани расмиёти гузаронидани экспертизаи экологии иншооти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард.                     Таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни мазкур ворид шудаанд, бештар ба масъалаҳои ба таври ҳатмӣ гузаронидани экспертизаи экологии иншоот, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон, аз ҷониби экспертҳо муайян шудани тартиб ва мӯҳлатҳои гузаронидани экспертизаи экологӣ марбут мебошанд.                     Дар бораи масъалаи дигари ҷаласа, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», вакил Мубинҷон Қаюмов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур татбиқи стратегияи рушди коғазҳои қимматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ва густариши таҷрибаи пешрафтаи идоракунии кооперативӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ мусоидат менамояд.                     Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон воридгардида вакилон Сайвалӣ Нуров, Ҷумъабой Сангинов, Абдуҷалил Бобокалонов, Хадича Ҳакимова, Саодат Амиршоева, Шодӣ Шабдолов ва дигарон суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаҳои қонунҳои мазкур, ки ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, инкишофи фазои соҳибкорӣ, ҳифзи манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ва содда гардонидани фаъолияти ҷамъиятҳои саҳҳомӣ мебошад.                     Зикр гардид, ки раванди такмили қонунҳои амалкунанда, татбиқи Барномаи 200 рӯзи ислоҳот, амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ, ба низоми муайян даровардани фаъолият, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳадафҳои дигари ворид кардани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаҳои Қонунҳои мазкур ба шумор меравад.                     Ҳамаи лоиҳаҳои қонунҳои ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати сеюм воридгардида аз ҷониби вакилон якдилона қабул гардиданд. 

Декабрь 2, 2009 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст