ИМСОЛ 500 ТОННА МОҲӢ ИСТЕҲСОЛ МЕШАВАД

Декабрь 15, 2009 10:45

                  Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, айни замон дар ҳайати корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» 8 хоҷагии калони моҳипарварӣ ва 44 хоҷагии деҳқонии моҳипарвар фаъолият менамоянд.                 Масоҳати умумии ҳавзҳои моҳипарварӣ 2244 гектарро ташкил медиҳанд.                   Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар масоҳати беш аз 2 ҳазору 100 га барои хӯрокаи моҳӣ ғалладона кишт карда шуда, ҳосили хуб бардошта шуд, ки он барои парвариши 100 млн. дона моҳӣ басандааст.                 Тибқи дурнамои соҳа, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 500 тонна моҳӣ истеҳсол карда мешавад.                   Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» то охири соли ҷорӣ истеҳсоли кирминамоҳичаҳоро ба 26, 9 млн. дона мерасонад.

Декабрь 15, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд