ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРИИ ҲУКУМАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ
Маскав, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 14 декабр дар шаҳри Маскав дар Вазорати маориф ва илми Русия маросими имзои созишномаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи тартиби ташкил ва фаъолияти филиалҳои мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия ва филиалҳои мактабҳои олии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Созишномаро вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва вазири илму маорифи Русия Андрей Фурсенко имзо карданд. Вазири маорифи Тоҷикистон имрӯз бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот мекунад, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд. Инчунин мулоқотҳои А.Раҳмонов бо роҳбарияти баъзе мактабҳои олии пойтахти Русия ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






