ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРИИ ПРОКУРАТУРАҲОИ ГЕНЕРАЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз, 21 декабр дар Маскав Прокурори генералии Федератсияи Русия Юрий Чайка ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов мулоқот карданд. Дар ҷараёни он Созишномаи нави ҳамкории прокуратураҳои генералии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо карда шуд. Созишнома ҳамкории прокуратураҳои генералии ҳар ду мамлакатро дар масъалаҳои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза ба муқобили ҷиноят, аз ҷумла, ҷинояти муташаккилона, терроризм, ришвахӯрӣ, қочоқи аслиҳа, маводи нашъадор, пешгирии ҷиноят дар соҳаҳои иқтисодиёт, технологияҳои олӣ ва навъҳои дигари ҷиноят, ки ба ҷомеа таҳдид менамоянд, ба ҳамдигар супоридани ҷинояткорон, расондани кӯмаки ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ, такмили маҳорати кормандони мақомоти прокуратура, ба роҳ андохтани ҳамкорӣ дар фаъолияти илмию тадқиқотӣ, дастраси ҳамдигар гардондани санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ, адабиёти таълимӣ, асарҳои илмӣ, иваз кардани таҷриба ва ғайраро пешбинӣ менамояд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ҳамкории мақомоти прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои пешгирии ҷиноят ва мурофиаи судӣ мувофиқи Муоҳидаи расондани кӯмаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳамкорӣ доир ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ аз соли 1993 ва протоколи иловагии он аз соли 1997 ба роҳ монда шудааст. Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз соли 2008 то моҳи ноябри соли 2009 ба Прокуратураи генералии Русия дар бораи ба Тоҷикистон супоридани ҷинояткорон ё иҷрои ҳукмҳои қабулшуда ва расондани кӯмакҳои ҳуқуқӣ 266 дархост пешниҳод намудааст, аз ин ҷумла 162 дархост иҷро карда шуд. Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар ин давра доир ба масъалаҳои гуногун ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон 253 дархост пешниҳод намудааст. Бо назардошти дархостҳои қаблан додашуда аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон 430 дархост иҷро карда шуд.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






