ИЗҲОРОТИ ВКХ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Декабрь 3, 2009 16:57

                    Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Роҳбари Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев имрӯз дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи вазъияти имрӯзаи Афғонистон ва қарори Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи фиристодани қисмҳои нави ҳарбӣ ба ин мамлакат сухан ронд.                     Вай аз ҷумла, зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон бо ин мамлакат решаҳои умумии таърихӣ, фарҳангӣ ва забони умумӣ дошта, худро аз душвориҳои ҳарбию сиёсии ин мамлакати ҷафокашида дар канор гирифта наметавонад.                     Роҳбарияти Тоҷикистон дар робита барои ҳар чи зудтар ба эътидол овардани вазъияти ин мамлакати ҳамсоя ва муқаррар намудани ҳаёти осоишта дар он тадбирҳои қатъӣ хоҳад андешид.                     Д.Назриев таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи тадбирҳои барои таъмини суботи вазъияти Афғонистон андешидашавандаро қатъан дастгирӣ мекард ва хоҳад кард.                     Роҳбари Раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷӣ изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти нави стратегии Барак Обамаро дар бобати зиёд намудани теъдоди низомиёни мамлакаташ ҳамчун омили муҳими ба эътидол овардани вазъияти ин мамлакат мешуморад. Тибқи хабарҳои расида, ояндаи наздик ба Афғонистон боз 30 ҳазор хизматчии ҳарбӣ фиристода мешавад.                     Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷӣ афзуд, ки ин тадбир барои пешгирии авҷ гирифтани фаъолияти қувваҳои харобкор дар Афғонистон, таъмини амният ва истиқрори сулҳу субот дар ин мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Декабрь 3, 2009 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд