ИЗҲОРОТИ ВКХ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Роҳбари Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев имрӯз дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи вазъияти имрӯзаи Афғонистон ва қарори Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи фиристодани қисмҳои нави ҳарбӣ ба ин мамлакат сухан ронд. Вай аз ҷумла, зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон бо ин мамлакат решаҳои умумии таърихӣ, фарҳангӣ ва забони умумӣ дошта, худро аз душвориҳои ҳарбию сиёсии ин мамлакати ҷафокашида дар канор гирифта наметавонад. Роҳбарияти Тоҷикистон дар робита барои ҳар чи зудтар ба эътидол овардани вазъияти ин мамлакати ҳамсоя ва муқаррар намудани ҳаёти осоишта дар он тадбирҳои қатъӣ хоҳад андешид. Д.Назриев таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи тадбирҳои барои таъмини суботи вазъияти Афғонистон андешидашавандаро қатъан дастгирӣ мекард ва хоҳад кард. Роҳбари Раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷӣ изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти нави стратегии Барак Обамаро дар бобати зиёд намудани теъдоди низомиёни мамлакаташ ҳамчун омили муҳими ба эътидол овардани вазъияти ин мамлакат мешуморад. Тибқи хабарҳои расида, ояндаи наздик ба Афғонистон боз 30 ҳазор хизматчии ҳарбӣ фиристода мешавад. Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷӣ афзуд, ки ин тадбир барои пешгирии авҷ гирифтани фаъолияти қувваҳои харобкор дар Афғонистон, таъмини амният ва истиқрори сулҳу субот дар ин мамлакат мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






