КӮДАКИ СОЛИМ — ОЯНДАИ ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ

Декабрь 16, 2009 10:51

                   Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Кӯдаки солим — ояндаи ҷамъияти солим аст. Сабзиши қаду вазн ва инкишофи ҷисмонии кӯдак мавриди таваҷҷӯҳи ҳам волидайн ва ҳам духтурон ба ҳисоб меравад.                     Тавре аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Маркази татбиқи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ барои тамоми муассисаҳои ноҳиявии тиббии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи Марказ кортҳои санҷиши қаду вазни кӯдакони то синни 2 соларо дар ҳаҷми 800 000 нашр ва тақсим менамояд.                      Пеш аз ин дар доираи маблағгузории иловагӣ моҳи апрели соли ҷорӣ ба ҳамаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии вилояти Суғду Хатлон Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ асбобҳои антропометрӣ-қадсанҷ ва вазнсанҷҳои кӯдакона тақсим карда буд.  Барои истифодаи дурусти ин асбобҳо, аз ҳисоби 26 нафар духтурони ин вилоятҳо тренерон тайёр карда шуданд, ки ба 830 нафар кормандони тиббӣ тарзи дуруст истифодабарии ин асбобҳоро омӯзонданд. Ин барои муайян кардани сабабҳои сустии сабзиши қаду вазни кӯдак ва пешгирии бемориҳо кӯмак мерасонад.

Декабрь 16, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд