КӮДАКИ СОЛИМ — ОЯНДАИ ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Кӯдаки солим — ояндаи ҷамъияти солим аст. Сабзиши қаду вазн ва инкишофи ҷисмонии кӯдак мавриди таваҷҷӯҳи ҳам волидайн ва ҳам духтурон ба ҳисоб меравад. Тавре аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Маркази татбиқи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ барои тамоми муассисаҳои ноҳиявии тиббии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи Марказ кортҳои санҷиши қаду вазни кӯдакони то синни 2 соларо дар ҳаҷми 800 000 нашр ва тақсим менамояд. Пеш аз ин дар доираи маблағгузории иловагӣ моҳи апрели соли ҷорӣ ба ҳамаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии вилояти Суғду Хатлон Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ асбобҳои антропометрӣ-қадсанҷ ва вазнсанҷҳои кӯдакона тақсим карда буд. Барои истифодаи дурусти ин асбобҳо, аз ҳисоби 26 нафар духтурони ин вилоятҳо тренерон тайёр карда шуданд, ки ба 830 нафар кормандони тиббӣ тарзи дуруст истифодабарии ин асбобҳоро омӯзонданд. Ин барои муайян кардани сабабҳои сустии сабзиши қаду вазни кӯдак ва пешгирии бемориҳо кӯмак мерасонад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






