КӮМАК БА БУНЁДИ «РОҒУН» АЗ ХОРИҶА
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар» — http://www.ozodi.org/). — Созмони фоpсизабонони Бритониё, «Варорӯд», тасмим гирифтааст, барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон сармояи хайрия ҷамъоварӣ намояд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ, аз Лондон раиси созмони «Варорӯд», Заҳрои Ҷазоирӣ хабар дода, афзуд, вале ҳамаи кӯмакҳои ҷамъоваришудаи созмон то замони мушаххас шудани шева ва тартиби истифодаи ин сармоя дар хазинаи созмон боқӣ хоҳанд монд. Хонуми Ҷазоирӣ, ки набераи устоди шодравон Саиди Нафисӣ, ховаршиноси маъруфи Эрон ва аз решаҳои Камоли Хуҷандӣ мебошад, гуфт, тасмими соpмони «Варорӯд» бо пешниҳоди узви он Дориюши Раҷабиён (собиқ корманди Радиои Озодӣ), ки ба тозагӣ аз Тоҷикистон баргаштааст, гирифта шуд. Вай афзуд: «Ман маъмулан аз аъзои ҳайати мудирия мехоҳам, ки агар пружаеро ҳис мекунанд, ба нафъи миллати тоҷик аст, барои мо рӯшан бисозанд ва он вақт хайрияи мо тасмим мегирад, ки то чӣ ҳад метавонад, кӯмак бикунад.» Хонуми Ҷазоирӣ мегӯяд, аз тавзеҳи ҷаноби Раҷабиён чунин натиҷагирӣ шудааст, ки ин барнома ба нафъи мардуми Тоҷикистон ва бояд ба он мадад кард. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ин ташаббуси созмони "Варорӯд" аз ҷониби созмону ниҳодҳои миллӣ дар кишварҳои дигар ва тоҷикони бурунмарзӣ пуштибонӣ хоҳад шуд. Раиси созмони «Варорӯд», Заҳро Ҷазоирӣ гуфт, ба ин ақида розист, ки бо сабабҳои гуногун ва ихтилофоти байни давлатҳо тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғун ба дараҷае сиёсатзада шуд, ки сармоягузорони эҳтимолӣ аз ширкат дар он парҳез мекунанд. Вай афзуд, агар зарурат бошад ва агар мақомоти Тоҷикистон аз созмони "Варорӯд" чунин дархосте кунанд, созмон розист, бо сармоягузорони ғарбӣ вориди гуфтугӯ шавад ва онҳоро ба ширкат дар тарҳи Роғун ҷалб намояд. Ҷазоирӣ илова кард: «Ман умедворам, ки бо иҷрои ин тарҳ вазъи мардуми тоҷик беҳтар шавад ва он сахтиҳое, ки дар зимистони перору порсол иттифоқ афтод, такрор нагардад.» Созмони «Варорӯд» дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон борҳо ба нафъи кӯдакону наврасони Тоҷикистон мафҳилу консертҳои хайрия баргузор карда, сармояҳои андӯхтаро дар барномаҳои кӯмак ба насли ҷавони тоҷик дар манотиқи ҷангзада истифода кардааст. Ва ҳоло, ба гуфтаи хонуми Ҷазоирӣ, созмон тасмим гирифтааст, аз чунин маъракаҳо барои расондани кӯмак ба тарҳи «Роғун» истифода кунад. Заҳро Ҷазоирӣ меафзояд, аъзои созмон ба хубӣ дарк мекунанд, ки масъалаи хайрия аз саҳмия фарқ мекунад ва онҳо хостори ба даст овардани саҳмияҳои «Роғун» набуда, танҳо мехоҳанд, ба бунёди ин иншооти барои мардуми Тоҷикистон муҳим кӯмак кунанд ва дигаронро низ ба кӯмак водор намоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






