КӮМАК БА БУНЁДИ «РОҒУН» АЗ ХОРИҶА

Декабрь 9, 2009 13:34

                Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар» — http://www.ozodi.org/). — Созмони фоpсизабонони Бритониё, «Варорӯд», тасмим гирифтааст, барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон сармояи хайрия ҷамъоварӣ намояд.                 Дар ин бора ба Радиои Озодӣ, аз Лондон раиси созмони «Варорӯд», Заҳрои Ҷазоирӣ хабар дода, афзуд, вале ҳамаи кӯмакҳои ҷамъоваришудаи созмон то замони мушаххас шудани шева ва тартиби истифодаи ин сармоя дар хазинаи созмон боқӣ хоҳанд монд.                  Хонуми Ҷазоирӣ, ки набераи устоди шодравон Саиди Нафисӣ, ховаршиноси маъруфи Эрон ва аз решаҳои Камоли Хуҷандӣ мебошад, гуфт, тасмими соpмони «Варорӯд» бо пешниҳоди узви он Дориюши Раҷабиён (собиқ корманди Радиои Озодӣ), ки ба тозагӣ аз Тоҷикистон баргаштааст, гирифта шуд.                   Вай афзуд: «Ман маъмулан аз аъзои ҳайати мудирия мехоҳам, ки агар пружаеро ҳис мекунанд, ба нафъи миллати тоҷик аст, барои мо рӯшан бисозанд ва он вақт хайрияи мо тасмим мегирад, ки то чӣ ҳад метавонад, кӯмак бикунад.»                   Хонуми Ҷазоирӣ мегӯяд, аз тавзеҳи ҷаноби Раҷабиён чунин натиҷагирӣ шудааст, ки ин барнома ба нафъи мардуми Тоҷикистон ва бояд ба он мадад кард. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ин ташаббуси созмони "Варорӯд" аз ҷониби созмону ниҳодҳои миллӣ дар кишварҳои дигар ва тоҷикони бурунмарзӣ пуштибонӣ хоҳад шуд.                   Раиси созмони «Варорӯд», Заҳро Ҷазоирӣ гуфт, ба ин ақида розист, ки бо сабабҳои гуногун ва ихтилофоти байни давлатҳо тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғун ба дараҷае сиёсатзада шуд, ки сармоягузорони эҳтимолӣ аз ширкат дар он парҳез мекунанд. Вай афзуд, агар зарурат бошад ва агар мақомоти Тоҷикистон аз созмони "Варорӯд" чунин дархосте кунанд, созмон розист, бо сармоягузорони ғарбӣ вориди гуфтугӯ шавад ва онҳоро ба ширкат дар тарҳи Роғун ҷалб намояд.                   Ҷазоирӣ илова кард: «Ман умедворам, ки бо иҷрои ин тарҳ вазъи мардуми тоҷик беҳтар шавад ва он сахтиҳое, ки дар зимистони перору порсол иттифоқ афтод, такрор нагардад.»                     Созмони «Варорӯд» дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон борҳо ба нафъи кӯдакону наврасони Тоҷикистон мафҳилу консертҳои хайрия баргузор карда, сармояҳои андӯхтаро дар барномаҳои кӯмак ба насли ҷавони тоҷик дар манотиқи ҷангзада истифода кардааст. Ва ҳоло, ба гуфтаи хонуми Ҷазоирӣ, созмон тасмим гирифтааст, аз чунин маъракаҳо барои расондани кӯмак ба тарҳи «Роғун» истифода кунад.                    Заҳро Ҷазоирӣ меафзояд, аъзои созмон ба хубӣ дарк мекунанд, ки масъалаи хайрия аз саҳмия фарқ мекунад ва онҳо хостори ба даст овардани саҳмияҳои «Роғун» набуда, танҳо мехоҳанд, ба бунёди ин иншооти барои мардуми Тоҷикистон муҳим кӯмак кунанд ва дигаронро низ ба кӯмак водор намоянд.

Декабрь 9, 2009 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд