КӮМАКИ ИМА БА ИДОРАИ АНДОЗИ НОҲИЯИ ҲИСОР

Декабрь 3, 2009 15:19

                   Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 2 декабр муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюб Солиев ва муовини директори Барномаи минтақавии Агентии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрин Макии дар маросими ба истифода супоридани бинои шӯъбаи хизматрасонии андозсупорандагони ноҳияи Ҳисор, ки бо кӯмаки Барномаи минтақавии ИМА (USAID) тармиму таҷдид ва бо лавозимоти техникӣ муҷаҳҳаз гардидааст, иштирок карданд.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар баробари таъмир ва муҷаҳҳазсозии бино Барномаи минтақавии ИМА (USAID), ҳамчунин дар беҳтарсозии сохтори андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Айни ҳол чунин фаъолияти таҷрибавӣ дар идораҳои андози ноҳияҳои Варзоб ва Ҳисор ба роҳ монда шудааст.                   Аз соли 1993 то инҷониб ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи минтақавии USAID ба маблағи 300 миллион доллар дар лоиҳаҳои гуногуни тандурустӣ, маориф, рушди демократия ва иқтисодӣ кӯмак расонидааст.

Декабрь 3, 2009 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд