КӮМАКИ ИМА БА ШИФОХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Декабрь 2, 2009 10:38

                 Душанбе, 2 декабря. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои расондани кӯмак ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон 6 миллиону 628 ҳазору 628 доллар ҷудо кард. Маблағи мазкур барои харидани доруҳои зарурӣ барои шифохонаҳои Тоҷикистон сарф карда мешавад.                   Аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бо маблағи мазкур доруҳои гуногун, аз ҷумла доуҳои зидди микробҳо, дору барои табобати бемориҳои саратон, дилу раг, асаб, пӯст, чашму гӯш ва ғайра харида, ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Дар ҷамъоварии маблағи кӯмак ширкатҳои тиббӣ ва дорусозии ИМА, аз ҷумла «Алкон», «Хоспира», «Аббот», «Шерингплоуг», «Ҷонсон энд Ҷонсон» ва ғайра ширкат варзиданд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки доруҳои мазкур дар байни Шифохонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои саратон, Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг, Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ, Шифохонаи чумҳуриявии клиникии бемориҳои асаб, Шифохонаи ҷумҳуриявии табобати бемории сил, шифохонаҳои рақамҳои 1 ва 2 вилояти Хатлон, шифохонаҳои марказии ноҳияҳои Нуробод, Кӯлоб, Ёвон ва Роғун тақсим карда мешаванд. 

Декабрь 2, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид