КӮМАКИ НАМОЯНДАГИИ ВКД ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БА КОРГАРОНИ МУҲОҶИР

Декабрь 10, 2009 09:37

                  Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия чанде пеш коргари муҳоҷир, сокини 59 – солаи ноҳияи Ҳисор Абдунаим Носировро ба намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия фиристод. А.Носиров дар аризаи ба унвони намояндагии ВКД пешниҳоднамудааш баён намуд, ки ба ӯ ва панҷ нафар ҳамдиёронаш аз моҳи апрел то моҳи ноябри соли 2007 дар ҷои корашон маош надодаанд. Коргари муҳоҷир ва ҳамдиёронаш дар шаҳри Звенигород дар сохтмони биноҳо кор мекарданд.                    Котиби матбуоти намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия Дилбар Хоҷаева зикр мекунад, ки коргарони муҳоҷири тоҷик бисёр вақт барои рӯёндани музди корашон аз корхонаю муассисаҳо ва соҳибкорони хусусӣ ба намояндагии ВКД муроҷиат мекунанд.                    Баъди дахолати кормандони намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия ба А.Носиров ва ҳамдиёронаш дар ҷои корашон 20 ҳазор рубли Русия дода шуд. 

Декабрь 10, 2009 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд