КӮМАКИ ОЛМОН БА СОҲАИ МАОРИФ
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ба нишонии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари Олмон барои сохторҳои таълими ибтидоии касбӣ кӯмаки техникӣ расид. Кӯмаки башардӯстона аз лавозимоти гуногуни электронӣ, таҷҳизоти техникӣ ва асбобҳои зарурӣ барои дарсҳои амалии сохторҳои таълими ибтидоии касбӣ иборат аст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз намояндагии Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои техникӣ бо Тоҷикистон иттилоъ доданд, лавозимоти дастрас шуда барои беҳтар шудани сохтори таълими ибтидоии касбии вазорати маорифи Тоҷикстон мусоидат хоҳад кард. «Амали неки дастрас кардани лавозимоти таълимӣ аз кишвари Олмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати густариши ҳамкориҳои зич миёни ду кишвари дӯст мебошад» — изҳор карданд дар намояндагии Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои техникӣ бо Тоҷикистон.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






