КӮМАКИ ОЛМОН БА СОҲАИ МАОРИФ

Декабрь 7, 2009 09:04

                  Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ба нишонии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари Олмон барои сохторҳои таълими ибтидоии касбӣ кӯмаки техникӣ расид. Кӯмаки башардӯстона аз лавозимоти гуногуни электронӣ, таҷҳизоти техникӣ ва асбобҳои зарурӣ барои дарсҳои амалии сохторҳои таълими ибтидоии касбӣ иборат аст.                   Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз намояндагии Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои техникӣ бо Тоҷикистон иттилоъ доданд, лавозимоти дастрас шуда барои беҳтар шудани сохтори таълими ибтидоии касбии вазорати маорифи Тоҷикстон мусоидат хоҳад кард.                    «Амали неки дастрас кардани лавозимоти таълимӣ аз кишвари Олмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати густариши ҳамкориҳои зич миёни ду кишвари дӯст мебошад» — изҳор карданд дар намояндагии Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои техникӣ бо Тоҷикистон.

Декабрь 7, 2009 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад