КОФТАНИ АВВАЛИН ЧОҲ ДАР САРИҚАМИШ
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).-Бино ба гуфти котиби матбуотии намояндагии «Газпром зарубежнефтегаз» дар Тоҷикистон Екатерина Кожевникова, кофтани аввалин чоҳи нафту газ дар майдони Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав моҳҳои июл – августи соли 2010 оғоз мегардад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар ин ҷо корҳои иктишофӣ дар арафаи анҷомёбист. Баъди ба даст овардани маълумоти пурраи иктишофӣ — тадқиқотӣ аз оғози моҳи феврал нуқтаи аввалин чоҳи газ гузошта мешавад. Дар майдони Саригазон бошад кофтани аввалин чоҳи газ ибтидои соли 2011 дар чуқурии 5,5 – 6 км пешбинӣ шудааст. Ширкати «Газпром зарубежнефтгаз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 5 сол корҳои иктишофи геологӣ мебарад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






