КОНФРОНС ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Декабрь 16, 2009 12:18

                  Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 15 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе бо мақсади муҳокимаи натиҷаҳои мониторинги татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» ва «Кодекси байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ғизои табиии кӯдакон, назорати гардиши ғизоҳои сунъӣ» бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Одоб, дониш, ақл, меҳр» (ОДАМ) конфронс оид ба «Натиҷаҳои мониторинги татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» ва «Кодекси байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ғизои табиии кӯдакон, назорати гардиши ғизоҳои сунъӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор гардид.                      Дар конфронс қайд гардид, ки имрӯз бисёр модарон бо мақсади додани хӯроки иловагӣ ба кӯдакони худ додани шири модарро қать карда хӯроки сунъӣ медиҳанд, ки ин кор ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад, зеро аксар вақт мӯҳлати истифодаи хӯрокҳои сунъӣ гузашта, кӯдаконро ба бемориҳои гуногун мубтало мегардонанд. Баъзан ширкатҳои истеҳсолкунандаи хӯрокҳои сунъӣ аз ин кор илҳом гирифта тамоми ҳунарашонро ба кор мебаранд, ки ба ҷумҳурӣ ин гунна маводро дохил намоянд ва хушбахтона, имрӯз ин раванд таҳти назорати Вазорати тандурустӣ қарор гирифтааст.                   Дар конфронс зиёда аз 30 нафар иштирокдорон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, намояндагони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ, Маркази ҷумҳуриявии ғизо, омӯзгорони кафедраҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Сино, мутахассисон и Вазорати тандурустӣ ва коршиносони беҳтарини ҷумҳурӣ ширкат доштанд.                    Дар анҷоми конфронс саволу ҷавоб ва муҳокимаи тавсияҳо оид ба ҳалли мушкилот баргузор гадид.  

Декабрь 16, 2009 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид