КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Декабрь 24, 2009 11:26

                 Ню — Йорк, 24 декабр. (АМИТ «Ховар» — СММ). — Иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи кулли СММ қатъномаи бахшида ба ҷараёни амалӣ сохтани барномаи амалиёти байналхалқии даҳсолаи «Об барои ҳаёт» — ро маъқул донист, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифта буд.                 Дар қатънома ба мамлакатҳои аъзои СММ тавсия дода мешавад, ки тадбирҳои ба даст овардани ҳадафҳояшонро дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об давом диҳанд. Дар қатънома гуфта мешавад, ки захираҳои об барои зиндагии шоистаи инсон, рушди устувор, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, барҳам додани қашшоқию гуруснагӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.                Дар қатънома пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи гузаронидани конфронси байналхалқӣ моҳи июни соли 2010 бо иштироки роҳбарону намояндагони баландпояи мамлакатҳои ҷаҳон дар шаҳри Душанбе дастгирӣ карда мешавад. Дар конфронси мазкур ҷараёни иҷрои барномаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» таҳлил карда хоҳад шуд. Ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур 35 мамлакати ҷаҳон мебошанд.

Декабрь 24, 2009 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд