КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Ню — Йорк, 24 декабр. (АМИТ «Ховар» — СММ). — Иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи кулли СММ қатъномаи бахшида ба ҷараёни амалӣ сохтани барномаи амалиёти байналхалқии даҳсолаи «Об барои ҳаёт» — ро маъқул донист, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифта буд. Дар қатънома ба мамлакатҳои аъзои СММ тавсия дода мешавад, ки тадбирҳои ба даст овардани ҳадафҳояшонро дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об давом диҳанд. Дар қатънома гуфта мешавад, ки захираҳои об барои зиндагии шоистаи инсон, рушди устувор, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, барҳам додани қашшоқию гуруснагӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дар қатънома пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи гузаронидани конфронси байналхалқӣ моҳи июни соли 2010 бо иштироки роҳбарону намояндагони баландпояи мамлакатҳои ҷаҳон дар шаҳри Душанбе дастгирӣ карда мешавад. Дар конфронси мазкур ҷараёни иҷрои барномаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» таҳлил карда хоҳад шуд. Ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур 35 мамлакати ҷаҳон мебошанд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






