КОРХОНАҲОИ НАВ БА КОР ДАРОВАРА ШУДАНД

Декабрь 23, 2009 11:33

                   Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маъруфҷон Ҳакимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар давоми 11 моҳи гузаштаи соли равон дар ноҳия 15 коргоҳи нави хурду калон ба истифода дода шуд. Дар натиҷа қариб 120 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид. Қайд карда шуд, ки то охири сол дар корхонаи «Алфа – Пет» коргоҳи нави истеҳсоли сарпӯшҳои пластикӣ ба кор дароварда мешавад. Дар ин ҷо боз 10 нафари дигар соҳиби ҷои кор хоҳад гашт.                 Қайд карда шуд, ки айни ҳол дар ноҳия 30 корхонаи хурду калони саноатӣ фаъолият дорад. Аз ин ҷумла, 14 корхона дар давоми 11 моҳи гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд. Дар ноҳия дар ин муддат ба маблағи 79,1 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.                  Маъруфҷон Ҳакимов афзуд, ки соли 2010 дар корхонаи равғанкашӣ дастгоҳи нави истеҳсоли равған аз зироати рапс насб карда мешавад. Дар корхонаи «Ғаллаи Сибир» коргоҳи истеҳсоли макарон ва Ҷамъияти саҳҳомии «Комрон» коргоҳи нави заҳролуд сохтани чигит мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар он таҷҳизоти сохти Юнон насб карда хоҳад шуд.

Декабрь 23, 2009 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд