КОРМАНДИ МОЛИЯ ОДАМ КУШТ ВА ГУРЕХТ…

Декабрь 22, 2009 17:05

                   Кӯлоб, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Пас аз ҷустуҷӯи тӯлонӣ кормандони мақомоти интизомии Кӯлоб соҳиби мошинеро, ки дар пахш ва ба ҳалокат расонидани як сокини шаҳр гумонбар дониста мешуд, боздошт карданд. Насрулло Маҳмудов, додситони шаҳри Кӯлоб мегӯяд, пас аз чораҳои фаврӣ-ҷустуҷуи давоми якуним моҳ маълум карда шуд , ки ронанадаи сабукрави навъи “Опел”, Сафархон Айниддинов, корманди шӯъбаи молияи шаҳри Кӯлоб шоми 29 октябр қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, Аҳтамшо Раҳимовро зер менамояд. Ба қавли додситон болои ин, ронанда кушиши Аҳтамшоро аз марг наҷот додан намекунад ва номбурда дар ҷои ҳодиса ҳалок мегардад. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмудов, зимни ҷустуҷӯ маълум шуд, ки Сафархон пас аз ин ҳодиса оинаи пеши мошинро, ки ҳангоми ҳодиса шикаста будааст ба ҳоҷатхонаи хеш ҳаво медиҳад ва ин далел пайдо шуда, дақиқ шуд, ки дар ин ҳодиса ӯ даст доштааст.                     Бояд гуфт, пас аз фирор кардани Айниддинов аз маҳалли ҳодиса (роҳи самти Зиракӣ-Кӯлоб) сару садоҳо зиёд шуда буд. Вале додситони шаҳр мегӯяд, ин овозаҳо асос надоранд ва Сафархон Айниддинов назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.  

Декабрь 22, 2009 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд