КОРМАНДОНИ БОНКИ МИЛЛӢ ДАР СОХТМОНИ РОҒУН САҲМ МЕГУЗОРАНД

Декабрь 22, 2009 16:03

                  Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 21 декабр маҷлиси умумии роҳбарият ва кормандони Бонки миллии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои ҷудо кардани маблағ барои давом додани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва харидани саҳмияҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                    Иштирокчиёни маҷлис пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи анҷом додани сохтмони нерӯгоҳ бо истифода аз қувваю маблағи дохилӣ якдилона маъқул донистанд.                    Қарор дода шуд, ки бо мақсади тезонидани суръати сохтмони нерӯгоҳ музди кори якмоҳаи кормандони Бонки миллӣ ба суратҳисоби НБО «Роғун» гузаронида шавад. Қарори мазкурро ҳамаи ҳамаи кормандони бонк дастгирӣ намуданд. 

Декабрь 22, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд