КУШТОРИ БЕРАҲМОНА ДАР ХУҶАНД

Декабрь 9, 2009 09:28

                  Душанбе , 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар шаҳри Хуҷанд барои ҷустуҷӯ ва фош кардани ҷинояткоре гурӯҳи махсус ташкил дода шуд, ки 7 декабр ба ҷони ду нафар сӯиқасд намуда, як нафарро бераҳмона ба ҳалокат расонида, нафари дигарро сахт маҷрӯҳ кардааст.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки субҳи 7 декабр дар маҳаллаи 34 – уми шаҳри Чкаловск ҷасади Дмитрий Чернихи 21 — сола ёфт шуд. Дар ҷасад нишонаҳои марги маҷбурӣ мушоҳида карда мешавад. Қотил ба сар, гардан ва қафаси синаи мақтул бо корд зарбаҳои марговар задааст. Дар ҳамин ҷо Светлана Дюи 23 — сола ёфт шуд, ки сахт маҷрӯҳ гардида буд. Шахси номаълум бо корд ба гардан ва қафаси синаи маҷрӯҳ зарба задааст. Духтари маҷрӯҳ фавран ба шифохона фиристода шуд.                    Аз рӯи ин воқеаҳо мувофиқи моддаи 104 – и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.

Декабрь 9, 2009 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд