М. АҲМАДИНАЖОД БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод 6-7 январи соли 2010 бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Маҳмуд Аҳмадинажод зимни сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон бо роҳбарони воломақоми Тоҷикистон дидору мулоқот менамояд. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон баррасӣ мегарданд. Ҳамзамон, ба имзо расонидани як қатор санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар бахши иқтисоду тиҷорат дар назар аст. Интизор меравад, ки Президенти Эрон аз маҳали як қатор сохтмони иншоооте, ки бо сармоягузории Эрон сохта мешаванд, аз ҷумла НБО «Сангтӯда -2» дар ҷануби Тоҷикистон боздид менамояд. Бояд зикр кард, ки ин сафар сафар саввумини Президенти Эрон ба Тоҷикистон мебошад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






