М.УБАЙДУЛЛОЕВ ОМОДАГИИ ПОЙТАХТРО БА СОЛИ НАВ БАРРАСӢ НАМУД

Декабрь 8, 2009 14:36

                   Душанбе, 8 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таваҷҷӯҳи раисони ноҳияҳо, масъулини сохторҳои назорати давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидори шаҳрро ба риояи қоидаҳои зиддисӯхторӣ ва таъмини лавозимоту таҷҳизоти оташнишонӣ дар тамоми иншооти мавҷудаи пойтахт нигаронид.                    Раиси шаҳр бо хулоса аз сӯхтори 6 ноябри соли 2009 дар шаҳри Перми Федератсияи Русия баамаломада, ки бар асари истифодаи нодурусти пиротехника 112 нафар ҳалок гардид, ба Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дастур фармуд, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна ҳолатҳо корҳои профилактикию таблиғотиро дар пойтахт пурзӯр намояд. М. Убайдуллоев аз прокурори шаҳр тақозо намуд, ки ҳолати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» –ро аз тарафи шахсони воқеию ҳуқуқӣ зери назорати доимӣ қарор диҳад.                    Дар робита Раёсатҳои гумрук ва корҳои дохилии шаҳрро муваззаф сохт, ки ҷиҳати воридоти ғайриқонунии маводи пиротехникии ба стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда, манъи фурӯши он дар ҷойҳои ғаримуқаррарӣ ва истифодаи онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бидуни сертификати сифат ва риояи техникаи бехатарӣ тадбирҳои таъхирнопазирро амалӣ созанд.                    Бо ин мақсад муқаррар намуд, ки комиссияи босалоҳияти депутатӣ дар ҳамкорӣ бо масъулини сохторҳои назорати давлатӣ ҳолати феълии зиддисӯхтории тамоми ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва фонди манзилро новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ мавриди санҷиш қарор дода, тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда чораҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намоянд.                   Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи омодагии пойтахт ба истиқболи Соли нави мелодӣ баррасӣ гардид.

Декабрь 8, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст