МАҲСУЛОТИ ХУБИ КИШОВАРЗӢ ИСТЕҲСОЛ ШУД
Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ – ноябри соли 2009 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 7066,1 млн. сомониро (бо нархҳои ҷорӣ) ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 5067,8 млн. сомонӣ ё 12, 5 фоиз, чорводорӣ 1998,3 млн. сомонӣ ё ки 66 фоиз афзудааст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳои вилояти Хатлон 3416,8 млн. сомонӣ, вилояти Суғд 1952,9 млн. сомонӣ, ВМКБ 279,6 млн. ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1416,8 млн. сомоиро ташкил намуд, ки мутаносибан 12,4 , — 10,1, — 9,9 ва 8, 2 фоиз зиёд аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






