МАҶЛИСИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки имрӯз дар шаҳри Остона маҷлиси ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон кушода шуд. Дар маҷлис масъалаҳои ҳамкории ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои энергетика, молия, ҳамлу нақли молҳои сохти Тоҷикистон ба воситаи қаламрави Қазоқистон, фарҳанг, масъалаҳои марбут ба коргарони муҳоҷир, инчунин кушодани намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Қазоқистон муҳокима карда мешаванд. Дар маҷлиси мазкур раиси Комиссияи байниҳукуматӣ аз ҷониби Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат Давлаталӣ Саидов ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок доранд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






