МАҶЛИСИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН

Декабрь 8, 2009 14:57

                  Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки имрӯз дар шаҳри Остона маҷлиси ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон кушода шуд.                 Дар маҷлис масъалаҳои ҳамкории ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои энергетика, молия, ҳамлу нақли молҳои сохти Тоҷикистон ба воситаи қаламрави Қазоқистон, фарҳанг, масъалаҳои марбут ба коргарони муҳоҷир, инчунин кушодани намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Қазоқистон муҳокима карда мешаванд.                 Дар маҷлиси мазкур раиси Комиссияи байниҳукуматӣ аз ҷониби Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат Давлаталӣ Саидов ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок доранд.

Декабрь 8, 2009 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид