МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Аз вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии пахта ба охир расид.Хабар дода мешавад, ки дар Тоҷикистон то 1 декабр зиёда аз 295 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Ин ба 84,4 фоизи нақша баробар аст. Заҳматкашони вилояти Хатлон 197,6 ҳазор тонна, вилояти Суғд 87,1 ҳазор тонна ва ноҳияҳои тобеи марказ 10,6 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд. Мутахассисони вазорати кишоварзӣ зикр намуданд, ки пахтаи дар саҳро боқимонда бо назардошти вазъи ҳаво ва имконияти хоҷагиҳо ҷамъ оварда мешавад. Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, аз аввали сол ба хориҷи кишвар 63,9 ҳазор тонна нахи пахта бароварда шуд, ки маблағи умумии он 68,8 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор тонна кам мебошад. Имсол нахи пахтаи Тоҷикистонро асосан Русия, Эрон ва Латвия харидорӣ намуданд. Нархи миёнаи 1 тонна нахи пахта нисбат ба моҳҳои январу октябри соли 2008 – ум 260 доллари ИМА коҳиш ёфта, имрӯз 1076 доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






