МАЪРАКАИ ХАЙРИЯ БАРОИ БАЧАГОН
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Бунёди хайрияи «Сарпараст» ҳамроҳи Ҷунбиши ҷамъиятии «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» 27 декабр ба муносибати иди Соли Нав барои панҷ ҳазор нафар тарбиягирандагони мактаб – интернатҳо, хонаҳои бачагон ва фарзандони оилаҳои камбизоати мамлакат дар бинои Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев маъракаи хайрия мегузаронад. Барои бачагон барномаи калони идона тайёр карда шудааст. Директори генералии бунёди «Сарпараст» Маҳмудҷон Муродов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба муносибати фаро расидани Соли Нав барои тарбиягирандагони хонаҳои бачагон ва фарзандони хонаводаҳои камбизоат 10 ҳазор тӯҳфаи солинавӣ тайёр карда шуд. Бунёди хайрияи «Сарпараст» аз соли 1999 сар карда, ҳар сол барои бачагони эҳтиёҷманд маъракаҳои хайрия ташкил намуда, ба тарбиягирандагони мактаб – интернатҳо ва хонаҳои бачагон кӯмак мерасонад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






