МАРОСИМИ ПЕШНИҲОДИ КОРТҲОИ БОНКӢ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ПОЙТАХТИ

Декабрь 25, 2009 15:14

                  Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шӯъбаи ноҳияи Сино будаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» маросими пешниҳоди кортҳои бонкӣ шаҳрвандони пойтахти шаҳри Душанбе баргузор гардид. Маросими мазкур тибқи дастур ва супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси иҷрои Барномаи пардохти нафақаи аҳолӣ бо кортҳои бонкӣ, бо ибтикори БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ сурат гирифт.                   Дар маросим роҳбарияту намояндагони БДА ҶТ «Амонатбонк», Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳокимияти ноҳияи Синои ва нафақахӯрон — истиқоматкунандагони маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе иштирок доштанд.                  Маросимро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Абдуқаҳҳор Қодиров кушода, доир ба тарзу услуб ва истифодабарии кортҳо ба ҳозирин маълумотҳоро дар шакли аёнӣ пешниҳод намуд.                  Дар маросими мазкур ба 50 нафар аввалин нафақахӯрони кишвар кортҳои бонкӣ дода шуд ва онҳо бори аввал тавассути кортҳои мазкур нафақаи худро аз дастгоҳҳои дар дохили бонк насбшудаи банкомат, гирифтанд.                 Барномаи пардохти нафақаи аҳолӣ бо кортҳои бонкӣ, ки бо ибтикори БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, дар ҳоли омӯзиш қарор дорад. Ин барнома бо мақсади дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондан ва таъмин намудани шаффофият дар самти мазкури хизматрасонии бонкӣ, амалӣ карда мешавад.

Декабрь 25, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд