МАРОСИМИ ШИНОСОӢ БО КИТОБИ ДАРСИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР МАСКАВ

Декабрь 10, 2009 09:39

                 Маскав, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 9 декабр дар Пажӯҳишгоҳи мамлакатҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов маросими шиносоӣ бо китобҳои дарсии забонҳои тоҷикӣ ва озарӣ баргузор гардид. Китобҳои дарсии мазкур барои омӯзиши забонҳои тоҷикию озарӣ дар мактабҳои олии Русия пешбинда шудаанд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки китобҳои дарсии мазкур бо ташаббуси Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ нашр карда шуданд.                    Дар ҷамъомад ректори Пажӯҳишгоҳи мамлакатҳои Осиё ва Африқо, профессор Михаил Мейер нашри китобҳоро дар ҳаёти мамлакатҳои Иттиҳод воқеаи муҳим номида, ба муаллифон ва ноширони китобҳо миннатдорӣ баён намуд. Сипас мудири иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ Татяна Бубнова изҳор нмуд, ки тарҷумаи асарҳо ба забони мамлакатҳои ИДМ, нашри китобҳои дарсӣ ва адабиёти гуногун яке аз самтҳои асосии фаъолияти фонд мебошад. Қайд карда шуд, ки ояндаи наздик китобҳои дарсии забонҳои арманӣ, қирғизӣ ва туркманӣ чоп карда мешаванд.

Декабрь 10, 2009 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд