МАШВАРАТИ 17 ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ САҲА

Декабрь 1, 2009 10:27

                    Маскав, 1 декабря. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Рӯзҳои 1 ва 2 декабр дар шаҳри Афина маҷлиси 17 –уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо баргузор мегардад.                     Бо даъвати раиси ҳозираи созмон, сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Юнон Георгиос Папандреу дар маҷлиси мазкур Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ширкат меварзад.                     Дар маҷлис маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва гуманитарии мамлакатҳои аъзои созмон муҳокима карда мешаванд.                     Изҳороти мамлакатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба тарафдории ташаббуси Президенти Федератсияи Русия дар бораи таҳияи Созишномаи таъмини амнияти Аврупо ва давлатҳои аъзои созмон дар бораи таҳияи лоиҳаи эъломияи вазирон дар бораи таҷлили 65 – солагии анҷом ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон барои муҳокима пешниҳод карда хоҳанд шуд. Ҳадафи эъломия абадӣ гардонидани хотираи иштирокчиёни ҷанг ва пешгирӣ намудани кӯшишҳои таҳрифи рӯйдодҳои таърихӣ мебошад.

Декабрь 1, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд