МАШВАРАТИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ОИД БА РОҒУН

Декабрь 22, 2009 10:56

                    22 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва молияи мамлакат оид ба омода кардан ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун машварати корӣ доир намуд.                     Оид ба корҳои омодагӣ баҳри чоп ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун нахуст ахбори вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов шунида шуд.                      Аз ҷумла зикр гардид, ки нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳо дар маркази тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто аксари ҷамоату деҳот кушода мешаванд.                      Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Бонки Миллии Тоҷикистон, дигар бонкҳо ва тамоми системаи бонкӣ аз рӯзҳои аввали соли нав барои фурӯши саҳмияҳо ва қабули маблағҳои ҷамъшуда фаъол бошанд.                      Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки саҳмияҳоро саривақт ба нуқтаҳои фурӯши онҳо дастрас намояд.                      Супориш дода шуд, ки ҳарчи зудтар механизми фурӯши саҳмияҳо ба шаҳрвандони бурунмарзии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ муайян карда шавад.                       Сохторҳои дахлдори мамлакат вазифадор шуданд, ки шаффофияти воридшавии маблағҳо ва харҷи ҳадафманди онҳоро таъмин намоянд.                        Таъкид гардид, ки тамоми бонкҳо, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, ширкатҳою корхонаҳои хусусӣ, соҳибкорону тоҷирон ва ҳамаи нафарони сарватманду соҳибимкон, пеш аз ҳама, дар хариди саҳмияҳо бояд ташаббус нишон дода, намунаи ибрати дигарон шаванд.                      Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки ин тадбири дорои аҳамияти стратегӣ ҳаргиз набояд садди роҳи корҳои дигари созандагию бунёдкорӣ шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қотеона дастур дод, ки бунёди иншооти сершумор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо, Китобхона ва Осорхонаи Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳу пулҳо, нақбҳо, нерӯгоҳҳои дигари барқӣ ва тамоми иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ҳамаи гӯшаҳои мамлакат мутобиқи нақшаҳои мавҷуда бемонеа идома дода шавад.                    Изҳорӣ боварӣ карда шуд, ки даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун бо маблағу имкониятҳои давлатӣ ва саҳмгузории шаҳрвандони баору номуси Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба пайдо мекунад ва маблағҳои зарурӣ дар муддати кӯтоҳ ҷамъ мешаванд.                      Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Декабрь 22, 2009 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст