МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУҲОҶИР
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Имрӯз дар Кохи Ваҳдати пойтахт бахшида ба рӯзи байналхалқии муҳоҷир бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳолат, мушкилот ва дурнамои муҳоҷирати меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори ин ҳамоиш намояндагони сафоратхонаҳои хориҷии Фаронса, Туркия, Олмон, ИМА, Ҷопон, Русия, Қазоқистон, созмонҳои байналмилалии АКТЕД, Институти «ҷомеаи кушод», Созмони байналхалқии меҳнат, Созмони байналхалқии муҳоҷират, Комиссариати олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон, ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, созмони «Преспектива + » ва гурӯҳи журналистони хориҷиву ватанӣ иштирок карданд. Тавре Зӯҳро Ҳалимова намояндаи Институти «ҷомеаи кушод» -Бунёди ҳамкорӣ дар баромади худ қайд кард «Муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо хоси Тоҷикистон нест, тамоми давлатҳои ҷаҳон қабулкунанда ва ё равонкунандаи муҳоҷири меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа мебошанд. Ҳатто дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ ба мушоҳида мерасад. Мақсад аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ, таъмин кардани зиндагонии беҳтару хубтар барои худ ва фарзандон мебошад. Мутаассифона, аксари муҳоҷирони меҳнатӣ қариб дар ҳамаи давлатҳои олам ба ҳодисаҳои поймол шудани ҳуқуқҳои инсонии худ дучор мешаванд. Албатта сабаби чунин ҳолат агар аз як ҷиҳат надонистани забони давлати қабулкунандаи муҳоҷир, ноогоҳӣ аз қонунҳои ин давлат бошад, сабаби дигар набудани ҳамкориҳои судманд миёни ниҳодҳои масъули кишварҳо мебошанд». Сарвари Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Девонаев изҳор кард, дар давоми соли 2009 Хадамот чорабиниҳои муҳимро барои беҳтар кардани шароити кори муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия ба анҷом расонда як қатор вохӯриҳо бо созмонҳои муҳоҷирони тоҷик барпо карда шуданд. Бо намояндагони Арабистони Сааудӣ дар масъалаи равон кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин мамлакат бо дар назардошти манфиатҳои ҷониби Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ карда шуданд, аз ҷумла қарор карда шуд, ки муҳоҷирон ба ин мамлакат танҳо баъд аз омӯзиши забони арабӣ ва англисӣ дар сатҳи гуфтугӯӣ ба таври муташаккилона ба роҳ монда мешавад.Ҳамчунин аз таҷрибаи пешрафтаи давлати Филиппин дар масъалаи фиристонидани муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2010 истифода бурда хоҳад шуд. Иштирокчиёни дигари мизи мудаввар низ дар бораи мушкилоти мавҷуда, роҳҳои ҳалли ин мушкилот, дурнамои ҳамкориҳоро дар ин самт изҳори ақида намуданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






