МОЛИ МУСОДИРАШУДАРО ФУРӮХТАНД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ ва тафтишии молиявӣ муайян карда шуд, ки кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи поён» шаҳрванди Ҷумҳури исломии Афғонистон Муҳаммад Мӯмин валади Ҷамолиддинро барои ба таври қочоқ ворид намудани сигарети тамғаи «Пайн» дастгир намудаанд ва нисбаташ бо моддаи 289 қ.1. КҶ ҶТ суди ноҳияи Қумсангир парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда будааст ва бо қарори суд маҳсулоти тамокугиро ба фоидаи давлат мусодира намуда, барои нигоҳ доштан ба Раёсати молияи ноҳияи Қумсангир вобаста намудааст. Аммо сардори Раёсати молияӣ ноҳияи Қумсангир Шоев З., бо ҳамроҳии муовин ва сармутахассиси идора Абдуллоев О. ва Раҳимов М. ин маҳсулоти тамокугии ба фоидаи давлат мусодирашударо ба шаҳрванд Нуралиев М. бо нархи 80 дирамӣ мефӯрушанд ва бо ин кирдорашон ба давлат ба маблағи 158290 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд. Дар ҳаракатҳои Шоев З., Абдуллоев О. ва Раҳимов М. аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 259-пр.1 қ.2 КҶ ҶТ пешбинишуда дида мешавад. Тафтиш идома дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






