МОЛИ МУСОДИРАШУДАРО ФУРӮХТАНД

Декабрь 22, 2009 08:51

                    Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ ва тафтишии молиявӣ муайян карда шуд, ки кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи поён» шаҳрванди Ҷумҳури исломии Афғонистон Муҳаммад Мӯмин валади Ҷамолиддинро барои ба таври қочоқ ворид намудани сигарети тамғаи «Пайн» дастгир намудаанд ва нисбаташ бо моддаи 289 қ.1. КҶ ҶТ суди ноҳияи Қумсангир парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда будааст ва бо қарори суд маҳсулоти тамокугиро ба фоидаи давлат мусодира намуда, барои нигоҳ доштан ба Раёсати молияи ноҳияи Қумсангир вобаста намудааст.                     Аммо сардори Раёсати молияӣ ноҳияи Қумсангир Шоев З., бо ҳамроҳии муовин ва сармутахассиси идора Абдуллоев О. ва Раҳимов М. ин маҳсулоти тамокугии ба фоидаи давлат мусодирашударо ба шаҳрванд Нуралиев М. бо нархи 80 дирамӣ мефӯрушанд ва бо ин кирдорашон ба давлат ба маблағи 158290 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.                     Дар ҳаракатҳои Шоев З., Абдуллоев О. ва Раҳимов М. аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 259-пр.1 қ.2 КҶ ҶТ пешбинишуда дида мешавад. Тафтиш идома дорад. 

Декабрь 22, 2009 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид