МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ СОЗИШНОМАИ БАРГАРДОНДАНИ ШАҲРВАНДОН БА ВАТАН

Декабрь 28, 2009 11:32

                Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Рӯзҳои 24 ва 25 декабр дар Маскав дар доираи созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳайатҳои коршиносони ҳар ду мамлакат баргузор гардид.                 Аз Тоҷикистон дар маҷлис муовини сардори Раёсати муҳоҷирати ВКД Шарифа Усмонова, сардори шӯъбаи муносибатҳои байналхалқии вазорати адлия Парвона Аҳмадова, роҳбари шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Шарифа Ёқубова, корманди шӯъбаи мазкур Муродбек Асламов ва муовини роҳбари намояндагии ВКД дар масъалаҳои муҳоҷират Саидмухтор Мирзоев иштирок доштанд.                   Дар ҷараёни маҷлис бо назардошти натиҷаҳои машварати моҳи сентябри соли равон дар Душанбе баргузоргардида силсилаи масъалаҳои ташкилӣ, лоиҳаи нақшаи тадбирҳои марбут ба иҷрои созишномаи ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, пешниҳодҳои мақомоти ҳар ду ҷониб дар бораи тадбирҳое муҳокима шуданд, ки ҳадафи онҳо ба талаботи имрӯза мувофиқ сохтани роҳу усулҳои ташкил кардан, тайёр намудан ва ба мамлакатҳои дигар фиристодани коргарони муҳоҷир мебошанд.                   Қайд карда шуд, ки раёсату шӯъбаҳои дахлдори вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин масъала корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.                   Намояндаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Алексей Ломкин ба иштирокчиёни маҷлис дар бораи лоиҳаи созишномаи нави баргардонидани муҳоҷирон ба ватанашон маълумот дод, ки онро ҷониби Русия таҳия намудааст. Ӯ ба намояндагони Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки лоиҳаи созишномаро дар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҳаматарафа омӯхта, ба он тағйироту иловаҳои зарурӣ пешниҳод карда, баъдан барои имзо пешниҳод намоянд.                     Муовини сардори Раёсати масъалаҳои шаҳрвандии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Л.Арестова ба иштирокчиёни маҷлис дар бораи ҷараёни баргардонидани аҳолии русзабон аз мамлакатҳои дигар ба Русия маълумот дод. Вай зикр намуд, ки Ҳукумати Русия дар ин масъала бо ҳукуматҳои Латвия, Белгия, Дания, Исландия, Ӯзбекистон ва Ветнам созишномаҳо имзо кардааст. Дар асоси созишномаҳои дуҷониба теъдоди зиёди одамон ба Русия баргардонида шуданд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар фарҷоми маҷлис протоколи ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.

Декабрь 28, 2009 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд