МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ СОЗИШНОМАИ БАРГАРДОНДАНИ ШАҲРВАНДОН БА ВАТАН
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Рӯзҳои 24 ва 25 декабр дар Маскав дар доираи созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳайатҳои коршиносони ҳар ду мамлакат баргузор гардид. Аз Тоҷикистон дар маҷлис муовини сардори Раёсати муҳоҷирати ВКД Шарифа Усмонова, сардори шӯъбаи муносибатҳои байналхалқии вазорати адлия Парвона Аҳмадова, роҳбари шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Шарифа Ёқубова, корманди шӯъбаи мазкур Муродбек Асламов ва муовини роҳбари намояндагии ВКД дар масъалаҳои муҳоҷират Саидмухтор Мирзоев иштирок доштанд. Дар ҷараёни маҷлис бо назардошти натиҷаҳои машварати моҳи сентябри соли равон дар Душанбе баргузоргардида силсилаи масъалаҳои ташкилӣ, лоиҳаи нақшаи тадбирҳои марбут ба иҷрои созишномаи ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, пешниҳодҳои мақомоти ҳар ду ҷониб дар бораи тадбирҳое муҳокима шуданд, ки ҳадафи онҳо ба талаботи имрӯза мувофиқ сохтани роҳу усулҳои ташкил кардан, тайёр намудан ва ба мамлакатҳои дигар фиристодани коргарони муҳоҷир мебошанд. Қайд карда шуд, ки раёсату шӯъбаҳои дахлдори вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин масъала корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Намояндаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Алексей Ломкин ба иштирокчиёни маҷлис дар бораи лоиҳаи созишномаи нави баргардонидани муҳоҷирон ба ватанашон маълумот дод, ки онро ҷониби Русия таҳия намудааст. Ӯ ба намояндагони Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки лоиҳаи созишномаро дар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҳаматарафа омӯхта, ба он тағйироту иловаҳои зарурӣ пешниҳод карда, баъдан барои имзо пешниҳод намоянд. Муовини сардори Раёсати масъалаҳои шаҳрвандии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Л.Арестова ба иштирокчиёни маҷлис дар бораи ҷараёни баргардонидани аҳолии русзабон аз мамлакатҳои дигар ба Русия маълумот дод. Вай зикр намуд, ки Ҳукумати Русия дар ин масъала бо ҳукуматҳои Латвия, Белгия, Дания, Исландия, Ӯзбекистон ва Ветнам созишномаҳо имзо кардааст. Дар асоси созишномаҳои дуҷониба теъдоди зиёди одамон ба Русия баргардонида шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар фарҷоми маҷлис протоколи ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






