МУҲОКИМАИ ПЕШНИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ

Декабрь 9, 2009 15:19

                  Маскав, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Намояндагони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рӯзҳои наздик бо мақсади муҳокимаи пешниҳоди Президенти Русия Д.Медведев дар бораи лоиҳаи барномаи нави таъмини амнияти Аврупо машварат хоҳанд кард.                   Муншии умумии созмон Николай Бордюжа зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ин ҳуҷҷат ҳам барои созмон ва ҳам барои таъмини амнияти ояндаи Аврупо аҳамияти калон дорад. Созмон қабл аз ин дар изҳороти худ аҳамияти калон ва ба мақсад мувофиқ будани ислоҳоти системаи амнияти Аврупо ва имзои созишномаи навро роҷеъ ба ин проблема борҳо таъкид карда буд. Зарурати қабули барномаи мазкур ба дигаргуниҳои нави дар ҷаҳон ва Аврупо ба амал омада вобаста мебошад, ки андешидани тадбирҳои дастаҷамъии таъмини амниятро тақозо менамоянд.                    Н.Бордюжа зикр кард, ки пешниҳоди Русия дар маҷлиси худи созмон низ муҳокима карда мешавад.

Декабрь 9, 2009 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд