МУАССИСАҲОИ НАВИ ТАБОБАТӢ
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 23 декабр дар ҷамоати Дурбати ноҳияи Ҳисор муоинагоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд. Бинои муоинагоҳ бо маблағи ҷудонамудаи департаменти давлатии ИМА, кӯмакҳои хайрияи созмонҳои байналхалқӣ, тибқи барномаи кӯмакҳои ҷамъиятии хайрия, Маркази хайрияи «Мӯнис» ва ғайра ба таври куллӣ тармим карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки муоинагоҳи мазкур соли 1965 сохта шуда буд ва соли 1989 дар натиҷаи зилзилаи харобиовари Шарора хароб гардид. Бинои муоинагоҳ дар давоми 20 соли охир таъмирталаб буд. Барои тармими куллии бино 12 ҳазору 375 доллари ИМА сарф шуд. Кормандони он имрӯз ба бештар аз 2280 сокини маҳаллӣ хизмат мерасонанд. Ҳамон рӯз инчунин дар ҷамоати Ҳисори ноҳия Маркази саломатии хона – интернати маъюбон баъди тармими куллӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Маркази хайрияи «Мӯнис» барои тармими бино 13 ҳазору 564 доллари ИМА сарф намуд. Дар ин ҷо зиёда аз 213 нафар маъюби ғайри қобили меҳнат зиндагӣ мекунад. 70 нафари онҳо бемори бистарӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки барномаи кӯмакҳои ҷамъиятии хайриявӣ дар Тоҷикистон аз соли 1998 инҷониб амалӣ карда мешавад ва ба зиёда аз 1000 ташкилот хизмат мерасонад. Тавассути барномаи мазкур дар ин муддат ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 51 миллион доллари ИМА кӯмаки хайрия оварда, дар байни мӯҳтоҷон тақсим карда шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






