МУАССИСАҲОИ НАВИ ТАБОБАТӢ

Декабрь 24, 2009 11:34

                  Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 23 декабр дар ҷамоати Дурбати ноҳияи Ҳисор муоинагоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд. Бинои муоинагоҳ бо маблағи ҷудонамудаи департаменти давлатии ИМА, кӯмакҳои хайрияи созмонҳои байналхалқӣ, тибқи барномаи кӯмакҳои ҷамъиятии хайрия, Маркази хайрияи «Мӯнис» ва ғайра ба таври куллӣ тармим карда шуд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки муоинагоҳи мазкур соли 1965 сохта шуда буд ва соли 1989 дар натиҷаи зилзилаи харобиовари Шарора хароб гардид. Бинои муоинагоҳ дар давоми 20 соли охир таъмирталаб буд. Барои тармими куллии бино 12 ҳазору 375 доллари ИМА сарф шуд. Кормандони он имрӯз ба бештар аз 2280 сокини маҳаллӣ хизмат мерасонанд.                  Ҳамон рӯз инчунин дар ҷамоати Ҳисори ноҳия Маркази саломатии хона – интернати маъюбон баъди тармими куллӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Маркази хайрияи «Мӯнис» барои тармими бино 13 ҳазору 564 доллари ИМА сарф намуд. Дар ин ҷо зиёда аз 213 нафар маъюби ғайри қобили меҳнат зиндагӣ мекунад. 70 нафари онҳо бемори бистарӣ мебошад.                    Ёдовар мешавем, ки барномаи кӯмакҳои ҷамъиятии хайриявӣ дар Тоҷикистон аз соли 1998 инҷониб амалӣ карда мешавад ва ба зиёда аз 1000 ташкилот хизмат мерасонад. Тавассути барномаи мазкур дар ин муддат ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 51 миллион доллари ИМА кӯмаки хайрия оварда, дар байни мӯҳтоҷон тақсим карда шуд.

Декабрь 24, 2009 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид